ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН”

31.05.2025 18:34

 
Дар сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон яке аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор рафта, иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидааст.
Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо фарзандони азиз ва дар симои Шумо кулли кӯдаконро ба муносибати ҷашни “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” самимона табрик гуфта, бароятон саломатию хушбахтӣ ва бурдбориҳо таманно менамоям.
Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон натанҳо ҳамчун рӯзи таърихӣ таҷлил мегардад, балки ҷомеаро аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар ёдовар месозад.
Мо насли калонсол, барои нигоҳ доштани саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда вазифадорем.
Боиси тазаккур аст, ки дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам оварда шудааст.
Бо мақсади ҳифзи кӯдакон ва ҳуқуқи онҳо, Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, вобаста ба риояи Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон, санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст.
Мо итминони комил дорем, ки шинохти дирӯзу имрӯзу фардо, ифтихор аз ваҳдату давлатдории миллӣ ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, ғамхорӣ кардан дар ҳаққи кӯдакон ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия кардани онҳо мардуми моро ба соҳили мурод мерасонад. Танҳо набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст.
Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар рӯҳи сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем.
Ҳамзамон бо ин, шумо бояд Ватан-Модари худро бо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён дӯст доред, ба арзишҳои ҷовидонии миллӣ арҷ гузоред ва ниҳоят ҳамқадами замон бошед.
Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи кӯдакони диёрро ба муносибати ин иди байналмилалӣ табрик гуфта, умед дорам, ки ҳар кадоми шумо – кӯдакону наврасони азиз дар оянда сазовори номи баланди фарзандони фарзонаи миллати тоҷдори тоҷик мегардед.
Бори дигар Шумо дӯстони хурдсол, устодон, падару модарон ва дар симои Шумо кулли насли навраси ноњияро ба муносибати «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» табрик гуфта, ба шумо тани сиҳат, дониши хубу аъло ва дар кору зиндагиатон барору комёбиҳоро таманно менамоям.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак,
ҳамдиёрони азиз!