Баргузории Конференсияи 8 – уми “Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ

22.06.2021 17:30

 
Санаи 22 июни соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Конференсияи 8 - уми ҳисоботи интихоботии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Кори Конференсия аз масъалаҳои зерин иборат буд;
1. Ҳисоботи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз соли 2016 то соли 2021;
2. Ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз моҳи августи соли 2016 то моҳи августи соли 2021;
3. Интихоби ҳайати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ;
4. Интихоби Комиссияи тафтишотии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ;
5. Интихоби вакилон ба Конференсияи 8 - уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе.
Дар Конференсия иштирокчиёни ҶБВ, заҳматкашони ақибгоҳ, собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, муовини Раиси ноҳия Шарифзода Н.Д., мудири Бахши маорифи ноҳия Одилбекова Л.Қ., раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе Назаров А.У. ва дигар намояндагони мақомоту идораҳо даъват шуданд. Дар Конференсия собиқадорони ҶБВ ҳисоботи панҷсолаи Шурои ҷангу меҳнати ноҳияро шунида қаноатбахш арзёбӣ намуданд.