МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ САРБОЗОНИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ

10.05.2025 07:22

 
Санаи 9 майи соли 2025 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди Муҷассамаи "Истиқлол" маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии 06870-и Қушунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими мазкур Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Абдуллозода С.; Фармондеҳи қушунҳои зудамал генерал-майор Шокирзода Ҳ.; Муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминзода Манижабону, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссари ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёдрас мешавем, ки дар маросими савгандёдкунӣ волидайну ҷавонони синни даъвати низ иштирок намуда, беш аз 216 нафар наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуданд.