АЁДАТИ ЗАҲМАТКАШОНИ АҚИБГОҲ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
08.05.2025 21:11
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи таҷлили 80 – солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз аҳволи заҳматкашони ақибгоҳ, ки дар ноҳия истиқомат мекунанд, дидан намуда, зимни дидор туҳфаҳои омодашуда, кӯмакҳои моддӣ ва табрикоту таманиёти некро ба онҳо расониданд.