Табрикоти Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ба муносибати ҷашни 80 – умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

08.05.2025 21:07

 
Муҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамдиёрони азиз!
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз зиёд мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ боқи мемонад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Ба ин муносибат, собиқадорони ҷангу меҳнат, иштирокчиёни ин ҷанги пурфоҷеатарини таърихи инсоният ва тамоми мардуми ноҳияро ба фарорасии Рӯзи Ғалаба бар фашизм сидқан табрик гуфта, ба хонадони мардуми Ватани маҳбубамон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, иқболи баланд ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кӯмак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.
Вобаста ба паёмадҳои даҳшатноки ин фоҷеаи бузурги аср Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Оқибатҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун фоҷиабортарин ҷанг дар таърихи инсоният то ҳанӯз, яъне бо гузашти ҳаштод сол дар ҷисму қалби сокинони сайёра мушоҳидаву эҳсос мегардад».
Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.
Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.
Саҳми халқи тоҷик дар таъмини ғалаба ва дар ақибгоҳ хеле назаррас буд. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокориву саҳми шабонарӯзии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз чунин ғалабаи бузург таъмин намегардид.
Имрӯз ба тамоми собиқадорони ҷанг, ки баъд аз Ғалаба ҳам дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат намуда, ҳоло давлати пирӣ меронанд, изҳори сипоси бепоён менамоем. Сарбаландӣ ва рӯҳи пойдори онҳо ба мисли қуллаҳои осмонбӯси Тоҷикистони азизи мост.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи Ғалабаи бузург табрик ва муборакбод намуда, ба шумо тансиҳатӣ, рӯзгори обод ва саодати ҷовидон орзумандам.
Ҳаштодумин солгарди Ҷашни Ғалаба муборак бошад, ҳамватанони азиз!