ОЗМУНИ “ОИЛАИ НАМУНАВӢ” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
07.05.2025 06:59
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бо мақсади тақвият бахшидани мақом ва нақши оила дар ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона озмуни «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид. Озмуни мазкур ҷиҳати иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».
Маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меёбад, дар он одамизод муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ба ҳамагон ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рӯ оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст.