ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР КВД “МАНЗИЛХИЗМАТРАСОН” №№4, 1 ВА МАҲАЛЛАИ ҲАБИБ АҲРОРИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

15.04.2025 07:42

 
Субҳи 14 апрели соли 2025 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар КВД “Манзилхизматрасон” № №4, 1 ва маҳаллаи Ҳабиб Аҳрорӣ-и ноҳия баҳри пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр кардани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд.
Дар чорабинӣ занону гудухтарони ноҳия бо бар кардани либоси миллӣ ва бо ифтихори ватандорию ҳисси баланди хештаншиносӣ бо омода кардани хурокҳои миллӣ ва сурудхониро роҳандозӣ намуданд.
Ҷиҳати омодагиҳо доир ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тавассути барномаҳои пуршукӯҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии кишвар, арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгону шукргузории сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шуда, ташкил ва баргузор гардида истодааст.