БАРГУЗОРИИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ БО УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" ДАР МТХ "ЛИТСЕЙИ РАҲНАМО"
09.04.2025 15:22
Санаи 8 апрели соли ҷорӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо усули "Мактаб ба мактаб" бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарони онҳо дар толори МТХ "Литсейи Раҳнамо"-и ҳудуди ноҳия вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрии мазкур намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндаи Суди ноҳия, намояндаи Шуъбаи КДАМҶТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирӣ онҳо аз шомилшави ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатми будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", "Дар бораи маориф", "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба роҳ мондани корҳои тозагиву ободонӣ ва риояи маданияти шаҳрнишинӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.