ҶАҲОНИШАВИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР СОЗМОНҲОИ БОНУФУЗИ ОЛАМ
08.04.2025 16:56
Таҳти ин шиор санаи 7 апрели соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо раёсати корҳои тарбиявии Академия конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Ҷаҳонишавии фарҳанги миллӣ дар созмонҳои бонуфузи олам” баргузор гардид.
Дар кори конференсия Манижабону Аминзода – муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Аҳмадзода Зулфия Кабир – ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа ва
Раҳмонова Дилрабо- мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, кори конференсияро мудири бахши фарҳанги ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Дилрабо Раҳмонова ҳусни оғоз бахшида, дар маърӯзаи худ қайд намуд, ки занону бонувони тоҷик дар саҳифаҳои таърих ҳамчун бонувони ҳунарманду покизасиришт шинохта шуда, дорои фарҳанги бою ғанӣ мебошанд.
М. Аминзода – муовини Раиси ноҳия вобаста ба гиромидошт, урфу одат ва таърихи фарҳанги пурғановати миллати тоҷик суханрони намуда, иброз доштанд, ки ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат оид ба ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои миллии ниёгон беназир ҳастанд ва доир ба ҷаҳонишавии Наврӯзи оламафрӯз, эътирофи ҷаҳониён аз ин ҷашни қадимиву суннатии миллати тоҷик ва дар сатҳи баланд таҷлил шудани ин ҷашн дар кишвари мо ва дигар мамлакатҳое, ки бо мо фарҳанги муштарак доранд, суханронӣ кард.
Аҳмадзода Зулфия Кабир – ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар эҳёи фарҳанги миллии тоҷикон” баромад намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати дурандешонаю фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистаеро дар арсаи минтақавию байналмилалӣ соҳиб гардад. Аз ҳамин нуқтаи назар, тасмимгириҳои муҳимми дастаҷамъиро дар минтақа ва ҷаҳон бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Маҳз ташаббусҳои Пешвои миллат буд, ки имрӯз фарҳанги қадимаи мо эҳёи дубора гирифта, дар саросари ҷаҳон маъруфият пайдо намудааст.
Дар идомаи чорабинии мазкур аксияи тақсимоти маводҳои иттилоотӣ - таблиғотӣ таҳти унвони "Либоси миллӣ ҷузъи фарҳанги миллӣ" ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар хотима қисмати музокиравӣ баргузор гардида,донишҷудухтарон фикру андешаҳои худро баён намуданд.