Чорабинии фарҳангӣ

21.06.2021 09:06

 
Санаи 19 июни соли 2021 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҳаллаи М. Холов ва КВД “Манзилхизматрасон”- и №1- и ноҳия, бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф иштирок ва суханронӣ намуда, роҳбарону сокинони фаъол бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.