МУҲАББАТ ДАР ЗАМИРИ МОДАРОН АСТ!
05.03.2025 19:10
05.03.2025 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Таҳти ин унвон имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба "Рӯзи Модар" чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он як зумра занону бонувони касбу кори гуногун ва собиқадорони меҳнат бо як рӯҳияи идона ва шукргузорӣ аз ин фазои амну осоиштаи Ватани маҳбуб иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб тамоми модарон ва бонувонро ба муносибати рӯзи идашон табрику муборакбод намуда, изҳор доштанд, ки миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.
Дар фарҷоми чорабинии идона ба хотири болидарӯҳии ҳозирин барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони саршинохти кишвар, ки саршор аз меҳру муҳаббати Зан-Модар бахшида шуда буд, ташкил карда шуд.