Тантанаҳои идона ба пешвози Рӯзи Артиши миллӣ
16.02.2025 09:10
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 январи соли 2025, №31 “Дар бораи таҷлили ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе”ва Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 феврал бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзиддинзода Бунафша, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, муовини Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва як гуруҳ модарон дар қисми ҳарби 02615 “г” – и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ” чорабинии идона доир гашт.
Нахуст роҳбарият аз шароити буду боши сарбозон ва вазъи кунунии кисми низомӣ аз наздик дидан намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзиддинзода Бунафша ба муҳайё гардидани шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, афсаронро ба рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои содиқона хизмат намудан ба Ватани худ таманниёти нек намуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби масъулин бо ҷалби модарон дастовезҳои идона ва дар фазои идона ба сарбозону афсарон чорабинии фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда шуд.