ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

16.02.2025 09:08

 

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 январи соли 2025, №31 “Дар бораи таҷлили ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” имрӯз бо иштироки муовинони Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Ҷ. Қ. ва Аминзода М., мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар кормандони мақомот дар Қисми ҳарбии 6539-и Сарраёсати ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст муовини Раиси ноҳия Қодирзода Ҷовидон Қодир баромад намуда, қайд намуданд, ки имрўзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолиии Ватанро сарбаландона ҳимоя намуда, рисолати касбии худро ба ҷо меорад ва дар таъмини зиндагии орому осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми таърихӣ ва беназир дорад. Онҳо ҳамеша ба ҳифзи Ватан - Модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода буда, Ватанро ҳамчун модари худ дӯст медоранд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.
Сипас муовини Раиси ноҳия Аминзода Манижабону афсарону сарбозони қисми низомии мазкурро бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, зикр намуданд, ки ҷавонони мо, сарбозони шуҷои меҳан рисолатӣ шаҳрвандии хешро барои ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузошта, хидмати шоиста хоҳанд кард.
Дар фарҷоми мулоқот роҳбарияти қисми ҳарбӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, бо мақсади болидаруҳии сарбозону афсарон мусобиқаҳои варзишии шоҳмоту шашка, дастхобонӣ, бандкашӣ ва вазнкашӣ доир карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.