Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

16.02.2025 09:07

 

Санаи 14 феврали соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз ҷониби комиссияи дахлдори назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндаи ваколатдори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун гузаронида шуд.
Дар рафти гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз довталабон тибқи тартиб донистани ҳатмии муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва хориҷӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пурсиш ба амал оварда шуд.