БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ЧОРУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

02.01.2025 11:38

 
Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб иҷлосияи бисту чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Рӯзномаи иҷлосияи бисту чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум аз рӯйи масъалаҳои зерин тасдиқ карда шуд:
1. Ҳисоботи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025”;
2. Баррасии лоиҳаи буҷети ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои соли 2025 ва тасдиқи иҷрои буҷети ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2023;
3. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳия барои соли 2025;
4. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №30;
5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.