БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ"
30.12.2024 09:59
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 ноябри соли 2024, №770 "Дар бораи баргузор намудани озмуни “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” дар шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни мазкур бо иштироки зиёда аз 80 нафар аз ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар толори муассисаи давлатии таълимӣ литсейи №5 - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи озмун роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Озмунро муовини Раиси ноҳия Аминзода Манижабону ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бори дигар ба низомномаи озмун шинос намуд. Инчунин аъзои ҳакамонро муаррифи намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ба ҳар як иштирокчии озмун шаффоф баҳогузори намуда, беҳтаринҳоро ба даври шаҳрии озмун пешниҳод намоянд.