ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ БА САРБОЗОНУ АФСАРОНИ БРИГАДАИ ПОСБОНИКУНАНДАИ 6593 – И САРРАЁСАТИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДОНИШКАДАИ ОЛИИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

30.12.2024 09:43

 
Санаҳои 26 ва 27 декабри соли равон бо мақсади иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба таҷлили Соли нави мелодӣ, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Бригадаи посбоникунадаи 6593 – и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ бо оростани дастархони идона баргузор карда шуд.
Дар чорабиниҳои мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Аминзода Манижабону, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, роҳбарият, афсарону сарбозон ва курсантон иштирок намуданд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши яроқу аслиҳаи ба намоиш гузоштаи сарбозон боздид намуданд.
Сипас, дар қисмати сиёсии чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Аминзода Манижабону табрикоти Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба сарбозону афсарон ва курсантон бахшида ба Соли нави мелодӣ расонида, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки “Воқеияту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем”.
Дар идома роҳбариятҳои қисми ҳарбӣ, ва сардори Донишкада суханронӣ намуда, барои боздид аз буду боши сарбозону афсарон ва курсантон, инчунин оростани дастархони идона дар арафаи Соли нави мелодӣ аз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Пас аз қисмати сиёсӣ ба афсарону сарбозон ва курсантон дастархони идона ороста шуд.