БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ДУЮМИ (НОҲИЯВӢ) ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ДАР СОЛИ 2024
30.12.2024 09:34
Санаи 25 декабри соли 2024 дар асоси сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” дар толори фарҳангии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сарпарасти соҳа Аминзода Манижабону, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Кучарзода Ҳусния Аламхон, меҳмонону волидайни хонандагон ва масъулини соҳаи маорифи ноҳия иштирок намуданд.
Муовини раиси ноҳия Манижабону Аминзода дар оғози чорабинии мазкур хонандагон ва омӯзгоронро барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар олимпиадаҳои дохиливу бурунмарзӣ табрику таҳният намуда, барои хонандагон дар давраҳои минбаъдии олимпиадаҳо барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар чорабинии мазкур маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи номинатсияҳои: “Панҷгонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии фаъол дар рушди ҳаракати олимпӣ” , “Панҷгонаи муассисаҳои таълимии фаъол дар рушди ҳаракати олимпӣ миёни литсей ва гимназияҳо”, “Ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагон” ва ғолибони даври дуюми Олимпиада оид ба "Шоҳмот" ва "Spelling Bee" баргузор гардид. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва мутахассисоне, ки дар омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо ва рушди ҳаракати олимпӣ саҳми бориз гузоштаанд бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар идома ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо диплому медал ва тӯҳфаҳои хотирмон аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардида ба хотири болидахотирӣ ва фароғати хонандагону ҳозирин барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунарпешагони маъруф роҳандозӣ карда шуд.