МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “КИТОБХОНАИ БЕҲТАРИН” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
30.12.2024 09:25
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 апрели соли 2021, №219 дар бораи баргузор намудани озмуни "Китобхонаи беҳтарин" дар шаҳри Душанбе, имрӯз аз ҷониби Раиси комиссияи даври ноҳиявии озмун муовини Раиси ноҳия Аминзода Манижабону ғолибони озмуни мазкур дар вазъияти тантанавӣ бо диплом ва мукофотпулӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Инчунин ҳайати комиссия ва аъзои ҳакамони озмун бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.