БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ БИСТУ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

10.12.2024 14:48

 
Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб иҷлосияи ғайринавбатии бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Рӯзномаи иҷлосияи ғайринавбатии бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум аз рӯйи масъалаҳои зерин тасдиқ карда шуд:
1. Дар бораи муқаррар намудани шумораи ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоли Сомонии шаҳри Душанбе
2.Дар бораи ташкил намудани Комиссияи ноҳиявии интихобот барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ корҳоро дар ноҳия ҷоннок намоянд.