БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
22.11.2024 18:19
Бо мақсади иҷрои қарор Раиси шаҳри Душанбе аз 21 октябри соли 2024, №704 "Дар бораи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб чорабинии тантанавӣ бо иштироки шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ, устод Муҳаммад Ғоиб, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Хол, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия мудирони шуъбаву бахшҳо, омузгорону кормандони соҳаи тандурустӣ ва фаъолони ноҳия ташкил ва баргузор карда шуд.
Нахуст Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, таъкид кардаанд, ки таҷлил намудани Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама нишонаи эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд аст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намуданд, ки «Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрузу оянда талқин менамояд».
Инчунин дигар иштирокчиёни чорабинӣ баромад намуда, изҳор доштаанд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ин эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ мебошад.