ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
16.11.2024 09:51
Ҳамдиёрони азиз!
Бешубҳа иброз медорам, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад. Вобаста ба ин, бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ин санаи бузург табрик гуфта, ба якояки Шумо тансиҳатӣ ва рӯзгори осоиштаро таманно менамоям.
Ҳадафи мо аз ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, эҳтиром гузоштан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан ва қадршиносии хизматҳои шоистаи ин абармарди ҷаҳони сиёсат ба ҳисоб меравад.
Интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як неруи наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.
Илова бар ин фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд оварданд, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.
Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем
Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст.
Дар робита ба ин иброз медорам, ки мардуми сарбаланд ва меҳнатдӯсти ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар партави сиёсати созанда ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам ободу зебо ва шукуфон гаштани Тоҷикистони азиз содиқона азму талош менамоянд.
Дар охир якояки Шуморо ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми кишвари азизамон тансиҳативу осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!