БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
16.11.2024 09:48
Санаи 14 ноябри соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 октябри соли 2024, №703 “Дар бораи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, омӯзгорон, кормандони соҳаи тандурустӣ ва фаъолони ноҳия ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур, Раиси ноҳия - Қодирзода Руслан Раҷаб, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қозидавлат Қоимдодович, Мусоева Рафиқа Ганиевна, Ғайбулло Афзалов ва Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маликзод Парвина Иноятулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, зимни баромади табрикотии худ қайд намуданд, ки ҳадафи мо аз ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, эҳтиром гузоштан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан ва қадршиносии хизматҳои шоистаи ин абармарди ҷаҳони сиёсат ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки эълони Истиқлолият дар кишвари мо ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омад. Дар он аём, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ авҷ мегирифт, ба миллати тоҷик роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.
Сипас дигар иштирокчиёни чорабини баромад намуда, изҳор доштанд, ки интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як неруи наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.
Илова бар ин фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд оварданд, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.
Инчунин пас аз анҷоми қисмати расмии чорабинӣ ба хотири болодарӯҳии ҳозирин бо иштироки санъаткорони шинохтани кишвар барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил ва баргузор карда шуд.