ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БАХШИДА БА РӮЗИ МИЛИТСИЯ

11.11.2024 08:32

 
Бо арзи сипос ва таманниёти беандоза ҳамаи Шумо кормандони милитсия ва аҳли оилаатонро бахшида ба Рӯзи милитсия самимона табрику муборакбод менамоям ва дар ин рӯзи фархунда ба Шумо дар иҷрои вазифаҳои басо масъулиятноку пурифтихор комёбиҳои беназирро орзумандам.
Кормандони далеру шуҷои милитсия дар ин давра аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузашта, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа аз худ садоқат, далерӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва инсондӯстӣ зоҳир намуда, бо баҳои ҷони худ якҷо бо родмардони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат манфиатҳои миллату давлат ва соҳибистиқлоливу соҳибватаниро бо фидокориву ҷоннисорӣ ҳимоя ва таъмин намуданд.
Имрӯзҳо низ кормандони милитсия анъанаи далериву мардонагӣ ва сарсупурдагиву садоқатмандии худро ба миллату Ватан идома дода, дар ошкор ва пешгирӣ намудани садҳо ҷиноятҳои вазнини хусусияти фаромиллидошта, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, савдои одамон, ҳамчунин безарар гардонидани даҳҳо аъзоёни фаъоли гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпеша саҳми босазо гузошта истодаанд.
Милитсияи тоҷик тавонист, ки якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагию муттаҳидии худро зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намоянд.
Давлат ва мардуми Тоҷикистон ҷасорату ҷоннисории фарзандони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва номи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар шароити сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардидани ин ҷашн натиҷаи матонату ҳушёрӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқату ватандӯстии кормандони милитсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати соҳибистиқлоламон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, ки кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеш истода мубориза бурдаанд.
Саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзӣ ва қаҳрамонии Шумо кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор намудани суботи ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.
Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа, нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд. Ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Бори дигар ҳамаи кормандони милитсия -муҳофизони тартибу низом, ҳомиёни ҳуқуқ ва посдорони суботу оромиро ба ифтихори ҷашни касбӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ ва дар иҷрои рисолати пуршарафатон муваффақияту комёбӣ орзу менамоям.
Рӯзи касбии кормандони милитсия муборак ҳамватанони азиз!