НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
11.11.2024 08:29
Бо мақсади пеш аз муҳлат ва босифат иҷро намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2024, №856 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», аз ҷониби Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб тамоми ҳайати коммисияи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳи соли 2024 ва он нафаронеро, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ саҳм гузоштаанд дар вазъияти тантанавӣ бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва мукофотпулӣ қадршиносӣ карда шуданд.