Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба «Рўзи милитсия»
11.11.2024 08:23
Бо мақсади таҷлил намудани «Рўзи милитсия» санаи 8 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ва роҳбарияти сохторҳои қудратии ҳудуди ноҳия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабини Раиси ноҳия тамоми кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бударо ба Рўзи милитсия табрик намуда, барои хизматҳои шабонарўзӣ ба як қатор кормандони ин ниҳоди қудратӣ Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва мукофопулӣ тақдим намуданд.
Инчунин Прокурори ноҳия Иброҳимзода Абдураҳим баромад намуда, кормандони милитсияро ба рўзи касбиашон табрик гуфта, барои хизматҳои бенуқсон ба тамоми кормандони милитсия аҳсану офарин хонда, тўҳфаи прокуратураро ба роҳбарияти ШВКД дар ноҳия тақдим намуданд.