БАРГУЗОРИИ ТАМРИНИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИИ ДУШАНБЕ

11.11.2024 08:18

 
Ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017, №970 “Дар бораи низомномаи мудофиаи ҳудудӣ” санаи 8 ноябри соли 2024 дар пойгоҳи майдони варзишии варзишгоҳи “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамрини мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии ҳарбӣ-сиёсӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ генерал – лейтенант Собирзода Эмомалӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе – Табарзода Ҷамшед Афзал, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ- Қодирзода Руслан Раҷаб, масъулону роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳайати афсарони эҳтиётӣ ва захираҳои сафарбарии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Нахуст, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ генерал – лейтенант Собирзода Эмомалӣ бо ҳайати шахсии афсарони эҳтиётӣ аз наздик ҳамсуҳбат шуда, аз вазъи омодабошии онҳо шинос шуданд.
Зимни суханронӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ генерал – лейтенант Собирзода Эмомалӣ аз хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки Артиши кишвар бо дастгириҳои ин абармарди сиёсат дар рӯзҳои ниҳоят вазнину ҳассоси таърихии миллат таъсис ёфта, имрӯз ба артиши пурқудрат мубаддал гардидааст ва амну осоиштагии имрӯзаи мамлакат маҳз дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозони далеру шуҷои Ватан аст.
Бояд ҳамеша барои ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодии хеш омода буда, барои нигошдошту ҳифзи якпорчагии кишвар тамоми қувва, дониш ва маҳорату малакаи худро равона созем.
Ҳамзамон, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ- Қодирзода Руслан Раҷаб ҳозиринро ҷиҳати иштирок дар чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, ба масъулин ва иштирокчиён дастурҳои зарурӣ дода, даъват ба амал овард, ки бояд якояки мо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳифзи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, ки пояи асосии давлату миллат ба шумор мераванд, қувваю дониши худро сарф намоем.