Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Қодирзода Руслан Раҷаб бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.11.2024 18:12

 

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамасола санаи 6-ноябр мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватан Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.
Бешубҳа қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳоло мо дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди он қарор дорем, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад. Вобаста ба ин бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ин санаи бузург табрик менамоям.
Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шудааст.
Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд: “Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид. Бинобар ин, Конститутсияи мо аз ҷумлаи беҳтарин конститутсияҳои замони муосир буда, мо дар заминаи он ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидем”.
Таҷлили ин санаи фархунда ҳар яки мора вазифадор менамояд, ки ба роҳи тай карда ва ҷонбозиҳои шермардони Ватан барои қабули Конститутсия назар афканда ҳама якҷоя ҷиҳати таҳкими арзишҳои демократӣ дар кишвари азизамон камари ҳиммат баста, ин вазифаи муқаддасро ба наслҳои оянда низ талқин бахшем.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” низ бассо ба маврид аст.
Мақсад аз эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи сокинон дар руҳияи эҳтиром гузоштан ба қонун ва таъмин намудани волоияти он мебошад.
Бинобар ин ҳар яки моро мебояд, ки бо аз худ кардани донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории амалкунандаи мамлакат дар таҳкими меъёрҳои контитутсионӣ саҳми назарраси худро гузорем.
Бори дигар якояки Шуморо ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихӣ 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми кишвари азизамон тансиҳативу осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз!