Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллаҳои “Чашмасор” ва КВД “МХР”- и №3 ноҳия
24.10.2024 10:49
Санаи 23 октябри соли 2024 дар толори Литсейи касбии техникии автомобилии шаҳри Душанбе вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маликзод Парвина Иноятулло бо сокинони маҳаллаҳои “Чашмасор” ва КВД “МХР”- и №3 ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маликзод Парвина Иноятулло, муовини Раиси ноҳия - Аминзода Манижабону ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, муовини Раиси ноҳия меҳмононро ба ҳозирин муаррифи намуданд. Ҳамчунин зимни баромади худ муовини Раиси ноҳия - Аминзода М., аз дастоварҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 33 - соли Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, тамоми ҳозиринро ба муносибати ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маликзод Парвина Иноятулло баромад намуда, изҳор дошт, ки мақсади вохӯрии имрӯза ин тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди Ватандӯтӣ ва хештаншиносӣ, пешгири аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, инчунин садоқат ба халқу Ватан ва сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қурбонзода У., зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҳадаф ма мароми асосии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ин ин пеш аз ҳама мусоидат намудан ба амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ҷомеаи озод ва шаҳрвандӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафти иҷтимоии ҷомеа, махсусан ба итмомрасонии ислоҳоти соҳаи мактабу маориф бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ дар асоси урфу одат, расму оин, ахлоқу одоби миллӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии сокинон мебошад.