ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

23.10.2024 17:08

 
22.10.2024. ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Санаи 22 октябри соли 2024 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маликзод Парвина Иноятулло бо сокинони маҳаллаҳои “Фирӯз”, “Фирдавсӣ” ва КВД “МХР”- и №1 ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маликзод Парвина Иноятулло, муовини Раиси ноҳия - Аминзода Манижабону ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, муовини Раиси ноҳия баромад намуда, баромадкунандагонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маликзод Парвина Иноятулло баромад намуда, изҳор дошт, ки мақсади вохӯрии имрӯза ин пеш аз ҳама мусоидат намудан ба амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ҷомеаи озод ва шаҳрвандӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафти иҷтимоии ҷомеа, махсусан ба итмомрасонии ислоҳоти соҳаи мактабу маориф бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ дар асоси урфу одат, расму оин, ахлоқу одоби миллӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии сокинон мебошад.