БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАН ЭҲЁГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ”
11.10.2024 20:20
11.10.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Имрӯз, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бахшида ба истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ- амалӣ таҳти унвони "Зан эҳёгари фарҳанги миллӣ", бо иштироки роҳбарият, шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ноибони Ректор оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои олии ҳудуди ноҳия, омӯзгорону донишҷуён ва кормандони соҳаи тандурустии ҳудуди ноҳия ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори ҳамоиши мазкур, муовини Раиси ноҳия - Аминзода Манижабону, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Анвари Шавкат ва намоядаи Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – Неъматов Саидраҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст муовини Раиси ноҳия - Манижабону Аминзода баромад намуда, иброз доштанд, ки бо шарофати сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои мухталифи кишвар ҷойгоҳи асосии худро пайдо намудаанд.
Инчунин, дар фарҷоми кори ҳамоиш ба як қатор нафароне, ки дар амалисозии ҳадафҳои созандаи ҷомеа саҳми назаррас доштанд, дар вазъияти тантанавӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои таъсис намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадшиносӣ гардидаанд.