БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ БИСТУДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

02.10.2024 21:19

 


Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Рӯзномаи иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум аз рӯйи масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуд:
- ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳия оид ба ҷараёни иҷрои корҳои омодагӣ дар сохторҳои коммуналии ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025;
- ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба масъалаҳои тараққиёти саноат, сохтмону меъморӣ, энергетика, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳ”;
- дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкориро дар ноҳия ҷоннок намуда, баҳри таҳким бахшидани самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия камари ҳиммат банданд.