ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФУ НОМУС ВА РИСОЛАТИ ҲАР ЯК ҶАВОН АСТ.
01.10.2024 19:11
Санаи 1 октябри соли 2024 бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «27» августи соли 2024 , №856 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқаррар гардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз чорабинии «Рузи даъватшаванда», маросими рузи аввали гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар дар фазои тантанавӣ бо рақсу бозӣ зери садои карнаю сурнай зиёда аз 110 нафар ҷавонони ноҳия ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Ба муносибати гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, навдаъватшудагон ва падару модарони онҳо чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷавонон дар фазои тантанвӣ бо як рӯҳияи баланду идона бо дуои неки падару модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.