ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

09.09.2024 09:29

 
Ҳамдиёрони азиз!
Дар чунин рӯзи фараҳбахш, фазои идона, руҳияи баланди ифтихору сарфарозӣ аз соҳибдавлатӣ, мардуми ноҳия чун қисми ҷудонашавандаи кишвари азизамон Тоҷикистони ободу озод имрӯз 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантанаву сурур ҷашн мегирад.
Ман аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шуморо бо ин ҷашни миллиамон табрику муборакбод менамоям.
Имрӯзҳо мо дар фазои сулҳу дӯстӣ, тифоқию муттаҳидӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро ҷашн мегирем. Ҷашни Истиқлолият иди хуррамӣ, шодмонию ҳамбастагӣ, тантанаи садоқат ва арҷгузорӣ ба озодист.
Сиву се сол муққадам санаи 9 сентябри соли 1991 халқи шарафманди тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ, яъне Истиқлолияти давлатиро ба даст овард.
Истиқлолияти давлатӣ дар назди ҳамаи мо вазифаҳои бузургу таърихиро гузоштааст, яъне фарҳангу маърифати баланди сиёсӣ, ватандӯстиву ватандорӣ яке аз рукнҳои асосии ташаккули давлатдорӣ буда, ҳар як фардро водор месозад, ки ифтихор аз ватан, миллат, таъриху мероси фарҳангӣ дошта бошад.
Истиқлолият роҳи озодиву шукуфоӣ, падидаҳои ҷадиди иқтисодиву иҷтимоӣ, роҳи кушода ва бебозгашт ба бунёдкориву созандагӣ, амалӣ намудани орзуву ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик, эҳёи нави давлатдории миллат ба арсаи байналмилалӣ баромадани Тоҷикистон ва муваффақ шудан ба обрӯву нуфуз ва шинохти ҷаҳониён аст.
Бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи чаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд.
Танҳо ҳаминро дар ёд бояд дошт, ки Истиқлолият худ бе мушкилӣ ба даст наомадааст. Дар марҳалаи бунёди давлат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон тақдири баланди миллати тоҷик дар симои шахси беназири таърихӣ, фарзанди баруманд ва бонангу номуси Тоҷикистон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Ҳар фарди соҳибватан ба саҳифаҳои таърихи башарӣ назар афканда, пас аз андешаи андак ба қадру манзалати ин дастоварди бузурги миллӣ, яъне истиқлолият мерасад. Имрӯз дар ин ҷаҳони пуртаззод пас аз ошноӣ пайдо кардан бо таърихи ба даст овардани истиқлолияти миллату халқиятҳои гуногун, бояд фахр аз ин миллату давлати соҳибистиқлол намоем.
Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ соҳиби парчам, нишон ва суруди миллӣ гардида, бо рамзҳои худ милати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ намуд.
Мо дар муддати 33 соли Истиқлолияти давлатӣ тавонистем, ки рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро тақвият бахшем, захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардуми ноҳия равона созем.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз дар тамоми ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои гуногуни ноҳия корҳо бо равнақ пеш рафта, ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои бунёдию сохтмонӣ бо маром идома дорад. Боварии комил дорам, ки баҳри амалӣ гаштани нақшаҳо ҷиҳати ободию пешрафт ва шукуфоии Ватани азизамон дар якҷоягӣ бо мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Исмоили Сомонӣ камари ҳимат мебандем.
Бори дигар ба ҳамаи Шумо Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тани сиҳату рӯзгори обод ва барори кор орзу менамоям.
СИВУ СЕ СОЛИ СОҲИБДАВЛАТӢ
МУБОРАК, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!