Баргузории барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.09.2024 01:03

 


Дар доираи чорабинии идона бахшида ба ҷашни 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои соҳаи маорифу фарҳанг, кишоварзӣ ва соҳаи варзиш, инчунин барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил карда шуд.
Нахуст, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзиддинзода Бунафша ва Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб баромад намуда, кулли сокинонро ба 33-юмин солгарди ҷашни бузурги миллӣ, Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника рушд гардида, инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва тарранумгари зебоиҳои диёр, барномаи рангини фарҳангиро ҳусни идона бахшиданд.