ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲ АЗ ҶАШНИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

08.09.2024 23:50

 
08.09.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Шоми имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар майдони шаршараи Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии идона ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Файзиддинзода Бунафша, муовини Раиси шаҳри Душанбе – муҳтарам Раҳимзода Толиб Карим, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ва роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуда, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои соҳаи маорифу фарҳанг, кишоварзӣ ва соҳаи варзиш, ки ба марази тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуданд.