БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 33 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06.09.2024 17:02
Имрӯз бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 августи соли 2024, №551 "Дар бораи таҷлил ҷашни 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе" дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия - Аминзода Манижабону, аъзои Шурои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Орумбекзода Шамсиддин, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбавҷу бахшҳо, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки муовини Раиси ноҳия Манижабону Аминзода меҳмонон ва иштирокдорони чорабинии идонаро аз номи Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ, 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, таъкид намуданд, ки “Истиқлолияти давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандӯстӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд”.
Инчунин, доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушду пешрафти ноҳия дар 33 соли мустақилияти Тоҷикистон, талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар робита ба таваҷҷуҳи хоссаашон ба бахши мактабу маориф, бунёди иншооти тиббӣ, рушди фарҳангу маънавиёт, нишондиҳандаҳои бахши кор бо занон ва оила, рӯзгори ҷавонон, музаффарияти варзишгарони мамлакат ва дигар паҳлуҳои соҳаҳои иҷтимоӣ сухан гуфта шуд.
Дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат халқи шарафманди тоҷик, аз ҷумла сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳар гӯшаи Ватанро ба ҷабҳаи бузурги созандагиву ободонӣ табдил додаанд.
Дар идома ба як зумра кормандони бахшҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мукофот ва ифтихорномаҳо супорида шуд.