ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ!
01.09.2024 11:06
Муҳтарам аҳли илму маориф,
устодону омӯзгорон, донишҷӯёну
хонандагон ва падару модарони гиромӣ !
Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Вобаста ба ин, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ самимона табрик намуда, ба хонандагон дар фатҳи қуллаҳои дониш ва ба устодону омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Имрӯзҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас диққати аввалиндараҷа дода мешавад.
Беҳуда нест, ки дар тамоми баромадҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф аҳамияти хоса дода, таъкид менамоянд, ки «Ояндаи миллат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, баҳри рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Итминони комил дорам, ки кормандони соҳаи маориф, пеш аз ҳама, устодону омӯзгорон минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқу Ватан хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хешро баланд мебардоранд.
Бори дигар, фарорасии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои умрро таманно дорам.
Рӯзи дониш муборак ҳамдиёрони азиз!