ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "СОМОНИЁН" МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
30.07.2024 08:39
Санаи 29 июли соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён” – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис, Аҳмадзода Оятулло – раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, Фазилатпочои Маҳмадюсуф – мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло, Боронзода Давлатманд Боймаҳмад – Роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзоёни ҳизб иштирок доштанд.
Боронзода Д.Б. нахуст, меҳмононро муаррифӣ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Мувофиқи рузномаи маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Сомониён” масъалаҳои ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ташкилоти ибтидоии “Сомониён”- оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раиси ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, дар бораи пешниҳоди вакилон ба Конференсияи 33 – юми ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.
Сипас мувофиқи баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис бо дар назардошти пешниҳоди аъзоёни ҳизб аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии “Сомониён” иборат аз 5 нафар интихоб карда шуд.
Мутобиқи масъалаи сеюми рузнома бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзоёни ҳизб Аминзода Манижабону ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Сомониён” интихоб карда шуд.
Ҳамзамон дар бораи интихоби вакилон ба Конференсияи 33 - юми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар идома Фазилатпочои Маҳмадюсуф суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ зодаи даврони истиқлол ва тафаккури созандаи Раиси муҳтарами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Он аз рӯзҳои аввали таъсисаш баҳри зиндагии ободу осудаи мардум талош варзидааст, ҳимоятгари манфиатҳои халқу миллат аст ва дар байни дигар аҳзоби сиёсӣ соҳиби қадру манзалати хос мебошад. Ҳамаи ин нуфузу манзалат ва мақоми пешсафию роҳбарикунандаро дар ҷомеа ҳизб бо фаъолияти пурсамар, талоши ҳифзу татбиқи манфиатҳои бунёдии мардуми ин сарзамин соҳиб гаштааст.
Дар фарҷом нафароне, ки тоза ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд ба онҳо шаҳодатномаи ҳизб супорида шуд. Ҳамзамон барои фаъолияи самаранок ба аъзоёни ҳизб Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим гардид.