БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
25.07.2024 11:47
25.07.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаш моҳи соли 2024 бо доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нахуст, муовини Раиси ноҳия Аминзода Манижабону нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшида, барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомот ва муаррифиву инъикоси дастоварҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия ба кулли рӯзноманигорон миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе равона намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии онҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Ҳамчунин муовини Раиси ноҳия муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро давоми шаш моҳи сипаригардида ба саҳми рӯзноманигорон расонида, сипас ба пурсишу саволҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолият, нишондиҳандаҳои рушди иҷтимою иқтисодӣ ва вазифаҳо барои давраи минбаъда ба таври мушаххас ва муфассал посух гуфтанд.
Дар интиҳо муовини Раиси ноҳия ба рӯзноманигорон ҷиҳати иштироки фаъолона ва баёни андешаҳои ҷолиб, ки ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ноҳия мусоидат мекунад, изҳори сипос намуда, ба нишасти матбуотии ноҳия ҳусни анҷом бахшиданд.