Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи "Аҳрор Мухторов" - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
19.07.2024 16:47
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак бо мақсади муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзиши онҳо ба насли ҷавону наврас дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар сатҳи маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардида истодааст. Ин навбат чунин як чорабинӣ дар маҳаллаи “Аҳрор Мухторов” – и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир шуд. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони ноҳия иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур ҷавонону наврасони маҳалла ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дигар ҳунарҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ намунаи беҳтарини ҳунар ва расму ойини миллати тоҷик, ки аз ҷониби гулдухтарони маҳалла омода гардида буд, мавриди тамошои иштирокчиён қарор гирифт.
Ҳамзамон аз ҷониби занону бонувони маҳалла намунаи хурокҳои миллӣ омода гардида, тарзи дурусти омода намудани хӯриш ва шарбати мева дар зарфҳои шишагӣ ба меҳмонон намоиш дода шуд.