АТТЕСТАТСИЯИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

19.07.2024 09:26

 

Санаи 16 июли соли 2024 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ аз ҷониби Комиссияи аттестатсионии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндаи ваколатдори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аттесатсияи навбатӣ гузаронида мешавад.
Дар рафти гузаронидани аттестатсия аз хизматчиёни давлатӣ фаъолият тибқи дастурамал ва уҳдадориҳои мансабӣ, донистани муқаддасоти миллӣ, забонҳои хориҷӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пурсида, сатҳи дониши онҳо муайян карда шуд.