Чорабинии ифтитоҳӣ бахшида ба оғози басти сеюми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора»
13.07.2024 10:30
Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» чорабинии ифтитоҳӣ бахшида ба оғози басти сеюми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳия Аминзода Манижабону, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия - Шаҳобов Сайалӣ Қурбоналиевич ва масъулини шуъбаи маорифи ноҳия ширкат намуданд.
Ҳамасола хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ин ҷо омада бо фароғату истироҳат давраи таътили худро сипарӣ менамоянд. Мувофиқи нақшаи рӯз истироҳати хонандагон оғоз аз машқи пагоҳирӯзӣ то оббозию хӯроки нисфирӯзӣ ва соати муаяйни хоб, машғул шудан бо бозиҳои шавқовар гузаронида мешавад Дар идома барномаи фарҳангӣ пешниҳоди ширкатдорон гардонида шуд. Дар баробари ин бо иштироки тарбиятгирандагон ҳамзамон озмунҳои гуногун ташкил карда мешавад. Барои дӯстдорони адабиёти бадеӣ ҳамзамон маҳфилҳои адабӣ ташкил карда мешавад, ки хонандагон малакаи худро тақвият мебахшанд.
Илова ба хонандагони ноҳия, ҳамзамон дар ҳар як баст ба 20 нафар аз тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе барои истироҳату солимгардонӣ роҳхат дода мешавад. Ҳолати санитарию эпидемологӣ, сифати мавдои хӯроворӣ ва талаботиҳои дигар мавҷуда пайваста аз ҷониби сохторҳои назоратӣ санҷида мешаванд, то ин, ки дар беҳтарин шароит наврасон давраи фароғати худро сипарӣ намоянд.