БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ БИСТУЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ
12.07.2024 20:16
Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тадсиқ намуданд.
Рӯзномаи иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум аз рӯйи масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуд:
- Ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳия оид ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2022, №251 “Дар бораи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2026” дар ноҳия
- Ҳисоботи муовини Раиси ноҳия дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм
- Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №21
- Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкориро дар ноҳия ҷоннок намуда, баҳри таҳким бахшидани самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия камари ҳиммат банданд