Баргузории мулоқоту вохӯриҳои судманд бо занону бонувон, ҷавондухтарони маҳаллаҳо ва КВД «Манзилхизматрасон»-ҳои ҳудуди ноҳия

02.07.2024 21:05

 
Дар доираи Нақшаи амалии бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории мулоқоту вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо занону бонувон, ҷавондухтарони маҳаллаҳо ва КВД «Манзилхизматрасон»-ҳои ҳудуди ноҳия вобасата ба пухтани таъомҳои миллию маҳаллии азбайнрафта, ривоҷ додани пухту пази таъомҳои миллӣ, духтани даврию сузанӣ, либос, дигар шаклҳои миллӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик дар нимсолаи дуюми соли 2024 дар маҳаллаи Нодира озмуни «Беҳтарин раси шурои кор бо занону духтарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ» ва намоиш ва омода намудани таъомҳои миллӣ доир гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, собиқадорони меҳнат аз ҳисоби занону бонувон, раисони шуроҳои кор бо занону духтарони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҳунармандони ноҳия иштирок намуданд. Тавре, ки гуфта шуд, ҳадафи асосии озмуни «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон» ин мукаммал намудани ҳайати кадрии соҳаи кор бо занон ва оила дар шаҳраку маҳаллаҳо, дастгириву пешбарии раисони шӯроҳои кор бо занону духтарони шаҳраку маҳаллаҳо ба фаъолияти роҳбарӣ, такмил додани донишу маҳорати раисони шӯроҳои кор бо занону духтарон дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо занон ва оила ва ҳамзамон ҷоннок намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳо дар заминаи фаъолияти натиҷабахши раисони шӯроҳои кор бо занону духтарон мебошад. Ҳамзамон аз ҷониби занону бонувони ҳунарманди маҳаллаи Нодира таомҳои миллӣ омода гардид.