Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ!
26.06.2024 10:18
ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз 27-умин солгарди ҷашни сарнавиштсози миллат, Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хоса, бо шукргузорӣ ва ифтихор аз сулҳу салоҳ ҷашн мегиранд.
Бисту ҳафт сол муқаддам, мо маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризоияти ҷомеа тавонистем, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми мамлакатро таъмин намоем.
Аввалан Шумо ҳамдиёрони азиз ва тамоми мардуми сарбаланди тоҷикро ба муносибати ҷашни азизу мӯътабар, Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона шодбош гуфта, бароятон саломатию хушбахтӣ, тинҷию оромӣ, файзу баракат ва дар корҳои ободонию созандагии диёр бурдборию муваффақиятҳои зиёд таманно менамоям.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу суббот ва моҳияти Ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо бештар дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем.
Воқеан, Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини мо дастоварди бузург ва неъмати азизу муқаддас мебошад. Зеро ин санаи муқаддас ҳамчун намунаи иттиҳоду ягонагии миллат заминаи бунёдии вусъат ёфтани корҳои созандагиву ободонии Ватани азизамон Тоҷикистонро фароҳам овард.
Бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз саннаҳои муборак ва тақдирсоз, ҳамчун рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт шудааст.
Имрӯз бо гузашти 27 сол, вақте, ки ба таърихи начандон дури кишвари соҳибистиқлоли худ нигоҳ мекунем, мебинем, ки сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барои ҳар яки мо чӣ қадру қиммат дорад. Ба ибораи дигар, тамоми пешрафту комёбиҳои кишварамон аз баракати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ибтидо гирифтаанд.
Ҳанӯз баъди ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарафманду пурифтихори тоҷик муроҷиатнома қабул намуд, ки дар он қайд гардидааст:
«Ҳодисаи фараҳбахше, ки миллати тоҷик, ҳамаи тоҷикистониён ва дӯстони дуру наздики мо ҳангоми имзои Созишномаи умумӣ аз сар гузаронидаанд, моҳиятан як давраи томи таърихиро дар худ таҷассум менамояд».
Ба туфайли ин андешаҳо маҳз сулҳу оромии ҷомеа ба мо имконият дод, ки иқтисодиёти кишвар, ҳамзамон ноҳияро, ки ќисми ҷудонопазири ҷумҳурии соҳибистиқлоламон маҳсуб меёбад, аз бӯҳрони шадид раҳоӣ бахшида, ба амалии ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба рушди мунтазами ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ноил гардем.
Таърих ибратомӯз аст ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба мо ҳушдор медиҳад, ки аз хатоҳои гузашта хулоса барорем, имрӯз бо азми бунёдкорию созандагӣ пойдевори зиндагии фардоро гузорем. Ҳамзамон ба қадри давлату давлатдории миллии худ бирасем ва ба наслҳои оянда кишвари обод, тараққикарда ва хуррамро ба мерос монем.
Бо ин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - ҳамдиёрони азизро ба ҷашни хуҷаставу муқаддас Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони ноҳия оромиву хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ҳамдиёрони азиз!