Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар "Боғӣ фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ"
25.06.2024 21:36
25.06.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар "Боғӣ фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ"
Санаи 25 июни соли 2024 дар "Боғӣ фарҳангӣ-фароғатии ба номи Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ" ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар чорабини мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзод Парвина Иноятулло ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Сараввал муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, суханронӣ намуда қайд намуданд, ки 27 июни соли 1997 пас аз гуфтушунидҳои зиёд ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми онҳо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон, аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз буда, инак бисту ҳафт сол мешавад, ки онро дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем.
Сипас Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб баромад намуда, тамоми сокинони ноҳияи Исмоили Сомониро ба ҷашни 27 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, таманно намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.
Дар рафти чорабинӣ ба хотири болидарӯҳии меҳмонон ва сокинони ноҳия бо иштироки санъаткорони шинохтаи кишвар барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.