БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ "ЗАНОН ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ"
25.06.2024 21:29
Ба муносибати таҷлили сазовор аз ҷашни 27-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва башхи кор бо занон ва оила мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Занон ва ваҳдати миллӣ” доир гашт. Дар мизи мудаввар, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, занону бонувони фаъоли сохтору мақомоти гуногуни ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд. Зимни мизи мудаввар маърузачиён изҳор доштанд, ки маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Хусусан, дар шароити ниҳоят ҳасоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад. Дар анҷоми мизи мудаввар ба як қатор занону бонувони фаъол сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исиоили Сомонӣ тақдим карда шуд.