ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

15.06.2024 15:08

 

Ҳамдиерони азиз,
Сокинони шарафманди ноҳия!
Ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо саломативу хушбахтӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки дар ин рӯз мардуми мо аъмоли шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кӯмаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мефиристанд.
Тибқи таълимоти дини мубини ислом Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон ҳамчун рӯзи қабули дуои нек дар ҳаққи ҳамдигар, оромиву ободии Ватан ва анҷом додани корҳои хайру савоб муқаррар кардааст. Яъне ҳикмати иди саиди Қурбон дар ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон мебошад.
Бо изҳори итминон ба ояндаи неки Ватани соҳибистиқлоламон бори дигар тамоми сокинони ноҳияи Исмоили Сомониро бо фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву босаодат ва суботу оромӣ орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!