ҲАМОИШИ НОҲИЯВИИ СТИПЕНДИЯНТҲОИ ҶАВОН ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН - ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ"
07.06.2024 08:23
6.06.2024 н. И. Сомонӣ
Имрӯз вобаста ба иҷрои қарори дахлдори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Дар бораи таъсис додани стипендияи Раиси ноҳия барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» дар соли хониши 2023 – 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҳамоиши ноҳиявии стипендиянтҳои ҷавон таҳти унвони "Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат" доир гардид.
Дар баргузории Ҳамоиши мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Шарифзода Наргис Достӣ ва мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Дар фарҷоми Ҳамоиш ба 60 нафар гирандагони стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағи пулӣ барои 4 моҳи соли хониши 2023 - 2024 дастрас карда шуд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар асоси ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли соҳибистиқлолии кишвар мо шоҳиди падидаҳои фараҳбахши иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ гардидем. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали роҳбариашон ба ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд.
Пеш аз оғоз Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Дар фарҷом чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.